Мактаби ройгони технологияҳои рақамӣ
Роҳу воситаи зудтарини ворид шудан ба соҳаи IT дар доираи одамони ҳамфикр будан аст. Касби навро аз худ кунед, бо ҳамкорони оянда шинос шавед ва дар ҷараёни омӯзиш таҷрибаи рушди воқеиро ба даст оред.
.webp)
Таҳсил аз 6 моҳ то 2 сол
Давомнокии омӯзиш ба касби интихобшуда вобаста аст. Омӯзиши касби таҳиягар аз 1,5 то 2 солро дар бар мегирад, ихтисосҳои муҳандиси инфрасохтор (DevOps), SRE-муҳандис, мутахассиси коркарди маълумоту додаҳо (Data Scientist), озмоишгар (QA-муҳандис), таҳлилгари тиҷоратӣ (BA), таҳлилгари системавӣ (SA), биоинформатика, тарроҳи интерфейс UI/UX ва мудири лоиҳа – аз 6 то 12 моҳ.

Коромӯзӣ дар ширкати IT

Равиши «ҳамсол ба ҳамсол»
Супоришҳоро иҷро намоед, лоиҳаҳои дигар иштирокчиёнро санҷед ва табодули дониш кунед. Бе лексияҳо ва ҷадвалҳои дарсӣ омӯзед.

Кампуси замонавӣ
Кампуси «School 21» дар давоми 24 соат, 7 шабонарӯзи ҳафта ва 365 шабонарӯзи сол кушода аст. Он ҳама чизҳои лозимро барои омӯзиши самарабахш дорад.
Ба кушодани иқтидори шумо кумак мерасонем ва барои фаъолияти бомуваффақият дар соҳаи IT омода мекунем
Иштирокчиён дар «School 21» малакаҳои сахт ва нарми худро ҳамзамон инкишоф медиҳанд: дар гурӯҳҳо ва мустақилона лоиҳаҳоро аз амалияи ширкатҳои бузурги IT иҷро мекунанд, санҷишҳои мутақобила ва баррасии кодҳоро анҷом медиҳанд, баёну қабули фикру андешаҳоро меомӯзанд.
11 000
Иштирокчиёни фаъоли омӯзиш
100%
Хатмкардагон бомуваффақият соҳиби кор шуданд
Барномаи омӯзиш
Иштирокчӣ дар омӯзиши асосӣ яке аз равияҳоро интихоб карда метавонад
Ва омодашавӣ барои кор дар ширкати IT
.webp)
Роҳи корёбӣ
Роҳи корёбӣ — маҷмӯи лоиҳаҳоест, ки шуморо барои дарёфти муваффақонаи ҷойи кор омода мекунанд. Дар раванди омодагӣ ба коромӯзӣ ва фаъолияти корпоративӣ, иштирокчиён навиштани ҳолнома (резюме / CV) ва гузаштан аз мусоҳибаро машқ мекунанд.
.webp)
Коромӯзӣ
Коромӯзӣ лоиҳаи ҳатмии таълимӣ аст. Худи иштирокчиён барои коромӯзии семоҳа ширкати IT меҷӯянд, вале агар душвор шавад, мактаб кумак мерасонад. Маҳз дар ин вақт ба аксари одамон аввалин пешниҳоди кор дода мешавад.
Ҳар шахси хоҳишманд ба «School 21» дохил шуда метавонад
Муҳим нест, ки шумо дар бораи IT чӣ медонед ва сатҳи маълумоти шумо чӣ гуна аст. Аз ин муҳимтар хоҳиш ва ангезаи шумост. Мо ба ҳама имкон медиҳем, ки қувваи худро санҷанд ва самти навро аз худ кунанд.
Ҷадвали дарсии озод ва чандир
Кампуси «School 21» дар давоми
24 / 7 / 365 кушода аст ва барои омӯзиш ҳадди ақал 20 соат дар як ҳафта лозим аст
Бе зарурати дипломҳо
Барои дохилшавӣ гузаштан аз озмоишҳои қабул кифоя аст
Бе дониши технологияҳои иттилоотӣ
Омӯзиш барои иштирокчиёни дорои ҳама гуна таҷриба мувофиқ аст
Таҳсил аз 18-солагӣ бе маҳдудияти синнусолӣ
Иштирокчии калонсолтарин 65-сола аст
Дохилшавӣ

50%
иштирокчиён ба мактаб бе таҷрибаи барномасозӣ омадаанд
Марҳилаҳои дохилшавӣ
Озмоишҳои қабул — бозӣ, гузаред ва ба “ҳавз”-и интихобӣ ворид шавед
Оғози таҳсил
Пас аз чанд ҳафтаи “ҳавз” таҳсил оғоз мешавад

6 моҳ
Муҳлати ҳадди ақал барои фарогирии барномаҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои дигар
18 моҳ
Муҳлати ҳадди ақал барои фарогирии барномаи омӯзишӣ аз рӯйи ихтисоси таҳиягар
Коромӯзӣ
Коромӯзии ҳатмӣ — 3 моҳ
Барои «School 21» амалия дар ширкати IT ба монанди лоиҳаи омӯзишӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки шумо аниқ ҷойи коромӯзӣ меёбед ва худро дар лоиҳаҳои воқеӣ нишон медиҳед. Агар эҳсоси омодагӣ ва бовар ба худ пайдо шавад, дар ҳар лаҳзаи таҳсил ба коромӯзӣ рафта метавонед.
Ба амалияи пуршиддат омода шавед: коромӯзӣ ҳадди ақал 20 соати фаъолият дар як ҳафта аст.
100%
Коромӯзон пешниҳоди кор мегиранд
Кампуси «School 21»
Масоҳат:
3190 м²
4 утоқи ҷаласа ва
1 толори лексия
Толори васеи конфронс барои гузаронидани чорабиниҳо
200
ҷойи фаъолият барои иштирокчиён
Ошхона
барои иштирокчиён
Якчанд бозигоҳ барои истироҳати фаъол ва бозиҳои видеоӣ
Суроға:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 57, блоки Б,
ошёнаҳои 5–9
Масоҳат:
3190 м²
Ошхона
барои иштирокчиён
4 утоқи ҷаласа ва
1 толори лексия
Якчанд бозигоҳ барои истироҳати фаъол ва бозиҳои видеоӣ
Толори васеи конфронс барои гузаронидани чорабиниҳо
200
ҷойи фаъолият барои иштирокчиён
Суроға:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 57, блоки Б,
ошёнаҳои 5–9
Ҷавобҳо ба саволҳо
Саволҳои зиёд пурсидашаванда
Дохилшавӣ
Омӯзиш
Талабот барои дохилшавӣ кадомҳоянд?
Ҳар шахси хоҳишманд ба “Мактаби 21” дохил шуда метавонад. Мо ба мавҷудияти диплом, таҷриба ва донистани забонҳо нигоҳ намекунем. Аз бозӣ гузаред, худро дар “ҳавз”-и интихобӣ нишон диҳед ва ба мавҷи асосии омӯзиш ворид шавед!
Чаро таҳсил дар «School 21» ройгон аст?
Мо медонем, ки аз сифр оғоз кардан то чӣ андоза душвор аст ва мехоҳем, соҳибкасбони ояндаро дастгирӣ намоем. Хусусан, дар чунин соҳае, ки ба мутахассисони қавӣ пайваста ниёз дорад.
Шумо барои бомуваффақият гузаштани “ҳавз”-и интихобӣ чӣ маслиҳат дода метавонед?
Ба шумо ҷустани китобҳои дарсӣ ва аз ёд кардани ҷавобҳои дуруст ба саволномаи имтиҳонӣ лозим нест. Мо равишу усули дигар дорем. Вақти бештар ҷудо карда, саъй варзед, ки ҳаҷми сарбории худро бароҳат тақсимбандӣ намоед. Лоиҳаҳо зиёд хоҳанд шуд, муҳим он аст, ки истироҳатро фаромӯш накунед.
Оё маҳдудияти синнусолӣ вуҷуд дорад?
Ҳар шахси хоҳишманд аз синни 18-солагӣ ба омӯзиши асосӣ дохил шуда метавонад. “Ҳавз”-и интихобиро ҳатто аз он ҳам барвақт – дар синни 17-солагӣ бо иҷозати хаттии волидон гузаштан мумкин аст. Ягон маҳдудият барои калонсолон ҳам вуҷуд надорад.
Оё ман метавонам дар интенсиви интихобӣ иштирок кунам, агар дар як вақт таҳсил ё кор кунам?
Мешавад, аммо ҳамроҳ карданаш душвор хоҳад буд. Интенсиви интихобӣ 14 рӯз давом мекунад ва тақрибан 8–10 соат вақти ҳаррӯзаро талаб менамояд. Барои гузаронидани он ба осонӣ, тавсия медиҳем, ки пешакӣ рухсатӣ бигиред ё аз кор, таҳсил ва дигар корҳо танаффус кунед
Оё ман барои дохилшавӣ ба «School 21» бояд аз технологияҳои компютерӣ хуб огоҳ бошам?
Не, шумо омӯзишро аз сифр оғоз карда метавонед. Чунончи аз амалияи хатмкардагони мо бармеояд, иштирокчиёни пурғайрат бо онҳое, ки аллакай таҷрибаи барномасозӣ доштанд, ба зудӣ баробар шуданд.
Оё шаҳрвандони кишварҳои дигар таҳсил карда метавонанд?
Бале. Мо иштирокчиёнро бо ҳама гуна шаҳрвандӣ қабул мекунем, вале масъалаи раводидро бояд худи шумо ҳал кунед.
Чанд бор дохилшавӣ мумкин аст?
Бақайдгирӣ аз почтаи электронӣ танҳо як маротиба имконпазир аст. Пас аз гузаштани бозиҳои интихобӣ, шумораи кӯшишҳо барои дохилшавӣ ба “ҳавз” маҳдуд нест.
Ба иштирокчиён пас аз хатми «School 21» кадом ҳуҷҷат супорида мешавад?
Ба иштирокчиёни омӯзишҳои мо гувоҳиномаи шакли ғайридавлатӣ дар бораи хатми “School 21” супорида мешавад.